Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

  • Шумо аз Internet Live Stats навсозиҳои даврӣ (омори онлайниӣ шумораи вурудшудагон ва корбарони веб-браузерҳои ҷаҳонӣ) бархурдор ҳастед? Пас ба инҷо нигаред.[1]
  • Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
  • Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМРусия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[3]
  • 14 апрел соли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[4].

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Ифтитоҳи «Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ», «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ»
Сардор Бердимуҳаммадов бо касби 72,97% дарсади орои мардум роҳбари нави ин кишвар шуд
Раисҷумҳури Русия 24 феврали соли 2022 фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард
Соли 2021 ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
Соли 2022 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад.

марти соли 2022

феврали соли 2022

  • 24 феврали соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврали соли 2022 фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чандин садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва дигар шаҳрҳои пойтахти Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Белорус вориди қаламрави Украина шуданд. "Мавҷи Олмон" дар як матлаб ин ҳамлаи Русияро ба Укроин ғасибона унвон карда, навиштааст, ки "президенти Русия 24 февраля ҷанг алайҳи Укроинро эълон кард, вале онро "амалиёни вижаи низомӣ дар Донбасс" номид".[9].
  • 22 феврали соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, истиқлоли ду минтақаи ҷудоиталаби Укроин - Луҳанск ва Донетскро эътироф кард. Путин ба вазорати дифои кишвараш дастур дод, ки дар ин ду минтақа бо ворид кардани неруҳои мусаллаҳи Русия "сулҳро таъмин" кунад. Луҳанск ва Донетск ду минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскав мебошанд. Ин амалкарди Путин норизоятии шадиди Киев ва дареғогӯйиҳои сарони НАТО ва кишварҳои дигари Ғарбро ба бор овард.[10].
  • 11 феврали соли 2022 Дар соли сипаригардида (2021) ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 340 миллион долларро сармояи мустақим ва 370 миллион долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳад.[11].
  • 8 феврали соли 2022 Соли 2022 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад.[12].
  • 4 феврали соли 2022 Соли 2022 барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ - «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 феврал ба имзо расид.[13].

Эзоҳ

  1. Internet Live Stats Омори онлайнӣ
  2. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
  3. Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
  4. Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
  5. www.khovar.tj. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мақбараи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд.
  6. www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Хона-музейи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд.
  7. www.khovar.tj. Интихоби президенти Туркманистон: натиҷаҳо имрӯз эълон мешаванд, 97 дарсад раъй додаанд(тоҷ.) (14 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд.
  8. www.khovar.tj. Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадовро "ҷонибдории ҷомеа аз сиёсати кишвар" номид(тоҷ.) (15 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд.
  9. www.khovar.tj. Русия амалиёт дар Укроинро оғоз кард. Хабарҳо аз ҳамла ба Киеву Одесса мерасад(тоҷ.) (22 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  10. www.khovar.tj. Путин "истиқлол"-и Донетск ва Луҳанск, ду минтақаи ҷудоиталаби Укроинро эътироф кард(тоҷ.) (22 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  11. www.khovar.tj. Чин миёни кишварҳои сармоягузор ба Тоҷикистон пешсаф аст(тоҷ.) (11 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  12. www.khovar.tj. Дар арафаи ҷашни [[|Наврӯз] телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад](тоҷ.) (8 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  13. www.asiaplustj.info. Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмун ҳудуди 8 млн сомонӣ ҷудо кард(тоҷ.) (4 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.

Ҳамкориҳои ҳафта