Русия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Федератсияи Русия
Российская Федерация
Russian Federation
Парчам Нишон
Russian Federation (orthographic projection) - Crimea disputed.svg
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Федератсияи Русия|Национальный гимн Российской Федерации
]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Русӣ
Пойтахт Маскав
Шаҳри калонтарин Маскав, Санкт-Петербург
Идораи давлат Демократӣ-Федеративӣ
Президент Владимир Путин
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
1-ум ҷой дар ҷaҳон
17 125 191 км²
13 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2020)
  • Зичӣ
9-ум ҷой дар ҷaҳон
146 748 590 нафар
8,58 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2009)
  • Ба сари аҳолӣ
6-ум ҷой дар ҷaҳон
2,109 трлн[1] $
14,919 [1] $
Пули миллӣ Рубли русӣ (RUB, RUR)
Интернет-Домен .ru, .su [2], .рф[3]
Коди телефон +7
Соат UTC +2…+11
Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федеросиюни Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми шарқии Урупо ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 19221991 РСФСР буд, ҳамчун яке аз 15 ҷумҳуриҳои ИҶШС. Cоли 1991, Федеросиюни Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белорус гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Федеросиюни Русия шаҳри Маскав аст.

Ах моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федеросиюни Русияро Владимир Владимирович Путин ва Раиси Ҳукумати Федеросиюни РусияроДмитрий Анатолевич Медведев ишғол мекунанд.

Аҳолии Русия — 142 856 536 нафар тан (ба ҳисоби 1 январи соли 2010, мувофиқи додаҳои омори давлатии Русия, 2,13 % ҳамаи аҳолии Замин дар ҳамин ҷо сукунат мекунад). Дар соли 2016 зиёда аз 146 млн нафар тан.

Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки роли муҳимро бозад, ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё.

Ба ҳайати Федератсияи Русия — 85 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 46 — вилоят, 22 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд.

Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.

Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Ҷуғрофияи Русия

Федератсияи Русия дар ду қитъаи олам Аврупо ва Осиё ҷойгир буда 1/3 (33%) масоҳаташ дар Аврупо ва 2/3 (67%) дар Осиё воқеъ гардидасст. Қисми шимоли онро баҳрҳои Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ, қисми шимолу шарқившро обҳои Уқёнуси Ором иҳота намудааст. Дар Русия се қаламрави фаррох Аврупои Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ ва паҳнкӯҳҳои Сибири Миёна ҷудо шуда меистанд. Иқлими Русия хело гуногун буда, минтақаҳои иқлимиаш аз шимол ба ҷануб чунин иваш мешаванд: минтақаи иқлими артикӣ, субарктикӣ, муътадил ва субтропикӣ. Муддати сол дар тамоми қаламрави он ҳавои артикӣ, атлантикӣ ва антисиклни Сибири Шарқӣ мебошад. Тобистон бошад сатҳи Русия гарм, фишор паст ва массаҳои ҳавоӣ аз уқёнус ба хушкӣ ҳаракаткунанда ҳукмрони мекунанд. Боришот дар фаслҳои баҳору тобистон, дар тирамоҳу зимистон барф меборад. Дар қаламрави Русия миқдори зиёди дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки онҳо манбаи бузургӣ энергетикӣ мебошанд. Калонтарини онҳо Объ, Иртиш, Амур, Волга, Енисей Лена мебошанд. Захираҳои обию энергетикӣ мамлакат беҳамто мебошад,ки дар қисмати зиёди дарёҳо Неругоҳҳои барқию обӣ сохта шудааст.

Масоҳаташ 17075 ҳазор километри квадратӣ, аҳолиаш 146 миллион нафар, дар байни арзҳои 80°-43° арзи шимол ва тӯлии 29° ва 170° тули шарқӣ ҷойгир шудааст. Сарҳадҳои ин давлат баҳрҳои укёнуси Атлантика, Яхбастаи Шимолӣ ва Ором. Бахри Балтика, Сафед, Баренс, Кара, Лаптифхо, Сибири Шаркӣ, Чукотка, баҳри Охот, Ҷопон мешуяд, ки ягон давлати дигарро чунин баҳрҳои зиёд ишгол накарда аст. Дар територияи ин мамлакат бузургтарин хамвориҳои ҷаҳон воқеъ аст, ба монанди:

  1. Хамвории Сибири гарбӣ
  2. Европаи шарқӣ ҷойгир шуда аст.

Русия давлати хеле сермиллат буда, аз чихати сарватҳои табиӣ, масоҳати ҷангалзорхо, захираи нафт, газ, маъдани оҳан ва умуман хамаи канданиҳои фоиданок хеле бой аст. Забони руси ба яке аз забонҳои умумии ҷаҳонӣ монанди ангилисӣ табдил ёфта мавкеъи баланд дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Таърихи Русия

Дар аввал хати истилоҳи "Rosia» (Gk. Ρωσία) дар миёнаҳои асри Х зикр шудааст. Вай дар навиштаҳои императори византӣ Константин Богрянородний "Дар бораи маросимҳо (О церемониях" ва "Дар бораи идоракунии имперя (Об управлении империей)" ҳамчун бо номи юнонӣ Руси вомехӯрад. Дар хати криллӣ аввалин бор 24 апрели соли 1387 истфода шуда буд. Мақоми расмро пас аз ба тахт нишастани Иван IV соли 1547, вақте ки давлат Подшоҳии Русия ном гирифт, ишғол кард. Дар имлои муосири калима - бо ду ҳарф "с" - дар асри XVI пайдо шуда, дар охир дар замони Пётри I қарор доданд, ки давлат то охиир бо номи "Россия" мемонад. Вале дар забони тоҷикӣ давлатро "Русия" мегӯянд.

Тақсимоти маъмурӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Федеративное устройство России

Иқтисоди Русия[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Иқтисоди Русия

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Русия
Нисбатӣ русҳо ба регионҳои кишвар
Миллат Нисбат
(2002)[4]
Нисбат
(2010)[4]
Русҳо 80,64 % 80,90 %
Тоторҳо 3,87 % 3,87 %
Украинҳо 2,05 % 1,41 %
Бошқирдҳо 1,16 % 1,15 %
Чувашҳо 1,14 % 1,05 %
Чеченҳо 0,95 % 1,04 %
Арманҳо 0,79 % 0,86 %
Аварҳо 0,57 % 0,66 %
Мордваҳо 0,59 % 0,54 %
Қазоқҳо 0,46 % 0,47 %
Озарбойҷонҳо 0,43 % 0,44 %
Дарғинҳо 0,35 % 0,43 %
Удмуртҳо 0,44 % 0,40 %
Марийҳо 0,42 % 0,40 %
Осетинҳо 0,36 % 0,39 %
Белорусы 0,56 % 0,38 %
Қобординҳо 0,36 % 0,38 %
Қумиқҳо 0,29 % 0,37 %
Ёқутҳо 0,31 % 0,35 %
Лезгинҳо 0,29 % 0,35 %
Бурятҳо 0,31 % 0,34 %
Ингушҳо 0,29 % 0,32 %
дигарон 3,40 % 3,51 %
не указали национальную принадлежность
и лица, по которым сведения получены
из административных источников, млн чел.
1,46 5,63

Фарҳанги Русия[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Фарҳанги Русия

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 МВФ (2009)
  2. Домен. su наследован от Иттиҳоди Шӯравӣ. [http://www.reuters.com/article/internetNews/idUSL1986480720070919 USSR still alive on Internet and won't go quietly| Reuters
  3. Кирилликӣ, введён 12 мая 2010 года. [http://info.nic.ru/node/3204 Домен РФ доступен в Интернете | http://info.nic.ru
  4. 4.0 4.1 Вот какие мы — россияне. Об итогах Всероссийской переписи населения 2010 года // Российская газета — Федеральный выпуск № 5660 (284). 22.12.2011
Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Русия» аст




 
Созмони ҳамкории Шанхай
СҲШ.jpg
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина